Бозии «Триполи» – «Истиқлол»-ро довари туркман ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии «Триполи» – «Истиқлол»-ро довари туркман ҳакамӣ мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё доваронеро, ки бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016-ро хизматрасонӣ мекунанд, номбар кард.

Вохӯрӣ байни «Триполи» (Лубнон) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон)-ро бригадаи довари туркман Чаримурат Қурбонов хизматрасонӣ мекунад. ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Полвон Полвонов (Туркманистон) ва Андрей Тсапенко «Узбекистон) кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Алибек Сапаев (Туркманистон) ба ӯҳда дорад. Нозири доварон Исмоил Сафирӣ аз Эрон ва комиссари бозӣ Муҳамад Салман Намшан аз Арабистони Саудӣ таъин шуданд.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» байни чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва СК «Триполи» (Лубнон) рӯзи 8 март дар Варзишгоҳи Триполии Лубнон соати 18.00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Добавить комментарий