Чемпиони чоркаратаи футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро бо «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бо ҳисоби баробари 0:0 анҷом кард. Бозӣ бегоҳи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт. «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» дастаи «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ бар «Триполи»-и Лубнон бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Ин бозӣ вобаста ба вазъи нооромиҳои Ироқ дар майдони бетараф, дар Теҳрони Эрон доир шуд.
«Истиқлол» ду бозии навбатии худро дар доираи ин мусобиқа дар сафар мегузаронад. Дружинаи Мубин Эргашев рӯзи 8 март муқобили «Триполӣ» (Лубнон) дар Бейрут ва рӯзи 15 март бошад бо «Нафит Ал-Васат» дар Теҳрон бозӣ хоҳад кард.
Қобили қайд аст, ки аз ҳашт бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016, ки рӯзи сешанбеи 23 феврал доир гардиданд, бозии байни «Истиқлол» ва «Ал-Файсалӣ» сермухлистарин вохӯрӣ ба ҳисоб меравад. Ин бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 8500 нафар мухлисон тамошо карданд.
Ҷоми КФО-2016
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) – 0:0
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров (Ҷаҳонгир Алиев, 88), Петро Ковалчук, Парвизҷон Умарбоев (Дилшод Восиев, 66), Нуриддин Давронов (к), Фатҳулло Фатҳуллоев (Акмал Холматов, 75), Александр Каблаш, Манучеҳр Ҷалилов.
«Ал-Файсалӣ» (Амман, Урдун): Муҳаммад Шатнави, Диаб Иброҳим, Юсуф Риад, Муҳаммад Ал-Рифаи, Ясин Бакит (Ахмад Ал-Халайлах, 90+3), Маҳдӣ Аламаҳ (Махер Ал-Ҷада, 62), Абдулраҳман Раид (Наҳар Муҳаммад, 80), Салим Маҳмуд, Ясир Муҳаммад, Анас Салим, Халил Баниятеҳ.
Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Махер Ал-Ҷада («Ал-Файсалӣ»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ясин Бакит («Ал-Файсалӣ»).
Сардовар: Во Мин Три (Ветнам).
Нозири доварон: Юсуф Мирза Рустом (Арабистони Саудӣ).
Комиссари бозӣ: Равишанкар Ҷаяраман (Ҳиндустон).
23 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8500 тамошобинон.
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Триполи» (Лубнон) – 1:0
Гол: Амджед Валид Ҳусейн, 90+2.
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
2 | «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
3 | «Ал-Файсалӣ» (Урдун) | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
4 | «Триполи» (Лубнон) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 2-юм
8 март (сешанбе)
«Триполи» (Лубнон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
Даври 3-юм
15 март (сешанбе)
«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 4-ум
12 апрел (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)
Даври 5-ум
26 апрел (сешанбе)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
Даври 6-ум
10 май (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Триполи» (Лубнон)
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Ал-Аҳад» (Лубнон) – 2:0
«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Хид» (Баҳрайн) – 2:0
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Алтин Асир» (Туркманистон) | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
2 | «Ал-Ваҳдат» (Урдун) | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
3 | «Ал-Ахед» (Лубнон) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
4 | «Ал-Хид» (Баҳрайн) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум
«Тсерес» (Филиппин) – «Селангор» (Малайзия) – 2:2
«Тампинес Роверс» (Сингапур) – «Шейх Джамал Дхамонди» (Бангладеш) – 4:0
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Тампинес Роверс» (Сингапур) | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-0 | 3 |
2 | «Тсерес» (Филиппин) | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
3 | «Селангор» (Малайзия) | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
4 | «Шейх Джамал Дхамонди» (Бангладеш) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-4 | 1 |
Гурӯҳи «F». Даври 1-ум
«Ню Радиант» (Молдив) – «Балестер Халса» (Сингапур) – 2:0
«Китчи» (Ҳонконг) – «Кайя» (Филиппин) – 1:0
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Ню Радиант» (Молдив) | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
2 | «Китчи» (Ҳонконг) | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
3 | «Кайя» (Филиппин) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
4 | «Балестер Халса» (Сингапур) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |