Рӯзи сешанбеи 23 феврал, яке аз маъруфтарину шинохтатарин чеҳраҳои футболи Тоҷик, Мураббии шоистаи СССР, мураббии шоистаи РСС Тоҷикистон, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, серунвонтарин мураббии футболи Ватан, устоди устодони футболи миллӣ, узви Комиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, мэтри футболи Тоҷик Шариф Назарович Назаров, Худо хоҳад ба синни мубораки 70 солагӣ мерасанд. Ба шарафи таҷлили зодрӯзи ин абармарди футболи кишвар дар Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои футболи кӯдакони солҳои тавалудашон 2003-2004 доир мегардад.
Мусобиқа аз 21 то 23 феврал дар майдончаҳои сабзаашон маснуии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Дар турнир шаш даста ба ду гурӯҳ ҷудо шуда иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Солор» (тренераш Насим Набиев), Мактаби футболи «Помир»-и Шарифа Назаров (тренераш соҳибҷашн Шариф Назаров) ва «Авиатор» (тренераш Исмоил Саидов) шомил шуданд. Гурӯҳи «Б» аз дастаҳои МҶМОВ (тренераш Сафаралӣ Раҳмонов), «Сӯҳроб» (Ҳасан Раҷабов) ва «Городок» (Фирӯз Исматов) созмон ёфтаст.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм рақобат мекунанд. Ду дастаи пешсаф ба бозиҳои нимниҳоӣ мебароянд. Ғолибони бозиҳои нимниҳоӣ дар бозии финалӣ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дастаҳои мағлуби бозиҳои нимфиналӣ дар бозӣ барои ҷои сеюм бо ҳам вомехӯранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи 23 феврал, баргузор мешаванд.
.
Тақвими бозиҳои мусобиқа:
21 феврал (якшанбе)
10:00 – «Сӯҳроб» – МҶМОВ
10:00 – «Авиатор» – «Солор»
11:00 – Маросими ифтитоҳи мусобиқа
12:00 – «Городок» – «Сӯҳроб»
12:00 – «Солор» – МФШН
22 феврал (душанбе)
10:00 – МФШН – «Авиатор»
10:00 – «Городок» – МҶМОВ
Бозиҳои нимфиналӣ
12:00 – 1 «А» – 2 «Б»
12:00 – 2 «А» – 1 «Б»
23 феврал (сешанбе)
10:00 – Бозӣ барои ҷои 5-ум
10:00 – Бозӣ барои ҷои 3-юм
11:00 – Финал
12:00 – Маросими пӯшидашавии мусобиқа