Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар доираи омодагӣ ба чемпионати минтақавии Осиё анҷом кард. Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии даста аз 6 то 18 феврал дар Норак баргузор шуд.
Дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Норак футболбоздухтарон зери роҳбарии мураббиён Зебо Гасимова ва Илдар Раҳмонов ҳамарӯза ду маротибагӣ тамрин мекарданд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ, ҳайати асосии даста иборат аз 18 нафар футболбоздухтарон созмон дода шуд, ки дар оянда омодагияшонро ба чемпионати минтақавии Осиё идома хоҳанд дод.
Ба иттилои роҳбари шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева, мусобиқа бахшида ба Рӯзи модарон, ки аз 3 то 7 март дар Душанбе доир мегардад, марҳилаи навбатии омодагии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ба чемпионати минтақавии Осиё мегардад. Дар ин мусобиқа 8 даста иштирок мекунад. Мувофиқи низомномаи мусобиқа мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар доираи ин сабқат на кам аз се бозӣ мегузаронад.
Ёдрас мешавем, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашии чемпионати минтақавии Осиё дар митақаҳои Ҷануб ва Марказии Осиё дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар гурӯҳи «А» бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон, Непал, Бутан ва Бангладеш рақобат мекунад.
Мунтахабҳои духтаронаи (U-14)-и Молдив, Эрон, Шри-Ланка ва Ҳиндустон ба гурӯҳи «В» шомил шуданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм мегузаранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои нимфиналӣ мебароянд. Баъд аз ин, дастаҳои ғолиб дар бозии финалӣ ва дастаҳои мағлубшуда дар бозӣ барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки чемпионати минтақавии Осиё аз 23 апрел то 1 май дар Тоҷикистон доир мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ва Академияи клуби футболи «Истиқлол» дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор доир мешаванд.