Ҳусейн Шодиев: «Баъд аз бозии вазнин бо Тайланд бачаҳо барқарор нашуданд» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳусейн Шодиев: «Баъд аз бозии вазнин бо Тайланд бачаҳо барқарор нашуданд»

Сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ бо Ветнам (1:8) дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии чемпионати Осиё-2016 дар Тошканди Узбекистон сабабҳои бохти шогирдонашро бо ҳисоби калон чунин шарҳ дод:   

 

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

«Баъд аз бозии вазнин муқобили Тайланд, бачаҳои мо аз лиҳози ҷисмонӣ барқарор нашуданд. Аз ҷониби дигар, тактикаи интихобкардаамон низ иштибоҳ баромад. Муқобили Ветнам хостем, ки дар футболи кушод бозӣ кунем. Хостем, ки бештар дар нимаи майдони ҳариф бозӣ кунем. Аммо дар ҳамлаҳои ҷавобӣ ба дарвозаи худ гол сар додем. Дар танаффус ман аз бачаҳо хоҳиш кардам, ки ҳисоби ниммаи аввалиро фаромӯш карда, ба хотири ғоли шудан ба майдон бароянд. Сарбории зиёд бар дӯши муҳофизони – Дилшод Саломов ва Раҳмоналӣ Шарипов буд. Баъд аз иваз шудани онҳо, мутаассифона бозигароне, ки онҳоро иваз карданд, вазифаи худро иҷро карда натавонистанд. Бозигарони Ветнам дар нисбати бозигарони мунтахаби Тайланд чақонтар буданд. Фикр кардем, ки агар бозигарони Ветнамро дар нимаи майдони худашон истиқбол кунем, онҳо ҳуҷуми худро рушд дода наметавонанд. Мутаассифона, бозигарони мо ба чунин бозӣ омода набуданд. Ба ҳамаи он мухлисоне, ки ба Тошканд барои дастгирии мо омаданд сипосгузорӣ баён мекунам. Мутаассифона мо натавонистем, ки онҳоро хурсанд кунем. Пеши ҳамаи мухлисон аз номи даста узрхоҳи мекунам» – гуфт, Ҳусейн Шодиев.

Добавить комментарий