Дар арафаи баргузории чемпионати Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон доир хоҳад шуд, мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар шаҳри Гулистони (собиқ Қайроққум) вилояти Суғд анҷом дод.
Имрӯз футзалистони тоҷик тамрини охирини худро дар ҷамъоамди оммӯзишӣ-машқӣ дар Гулистон гузаронданд. Пагоҳ, 9 феврал, даста тавассути автобус ба Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ҷиҳати иштирок дар 14-умин чемпионати футзали Осиё сафар мекунанд. Дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқии даҳрӯзаи худ дар Гулистон, дружинаи Ҳусейн Шодиев аз рӯи режими ду вақтӣ тамрин намуд. Дар доираи ин ҷамъомади омӯзишӣ ммунтахаби футзали Тоҷикистон бо мунтахаби футзали Узбекистон ду бозии санҷишӣ гузаронд. Ҳар ду бозиҳо дар Тошканд доир шуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар 14-умин чемпионати футзали Осиё, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон доир мешавад, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Рақбони футзалбозони тоҷик дар гурӯҳ мунтахабҳои футзали Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэи Чин мебошанд.