Витсе-чемпиони феълии мамлакат, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки имсол дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО футболи моро муаррифӣ мекунад, бегоҳи шанбеи 6 феврал тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб парвоз кард. Футболбозони Хуҷанд субҳи якшанбеи 7 феврал аз Дубай ба Урдун париданд. Онҳо имрӯз аз пойтахти Урдун – шаҳри Аммон – бо автобус ба Фаластин мераванд.
Сармураббии даста Нуъмонҷон Юсуфов, дар ин сафар бо худ 17 нафар бозигаронро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз онҳо 2 нафарашон дарвозабон, 6 нафарашон ҳимоятгар, 5 нафарашон нимҳимоятгар ва 4 каси боқимонда ҳамлагар мебошанд. Мақсади асосии «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ ёфтан аст.
Бозии «Хуҷанд» бо «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Доварони ин бозӣ таҳти раҳбарии Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун мебошанд. Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон нозири бозӣ ва Саликин Бин Саркавӣ аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шудаанд.
Дар мавриди пирӯзӣ дар бозӣ муқобили бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил», ”Хуҷанд” дар сабқати гурӯҳи «D» бо тимҳои «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.
Ҳайати «Хуҷанд» дар бозӣ муқобили «Аҳлӣ Ал-Халил»:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Абдуазиз Маҳкамов;
Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов;
Нимҳимоятгарон: Илҳомҷон Баротов, Дилшодҷон Каримов, Сафаралӣ Каримов, Саидҷон Шарифов, Ҳоҷибой Зиёев;
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Мубинҷон Муъминов, Марифҷон Марифбоев, Дилшод Бозоров.
Ҳайати роҳбарикунанда: Акбар Иброҳимов – менеҷер, Нумонҷон Юсупов – сармураббӣ, Қаноат Латипов – мураббии калон, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо, Мирзомубин Мунавваров – администратор, Абдулатиф Алимов – духтур, Далерхӯҷа Отабеков – дафтари матбуотӣ, Абдукаримхони Абдураҳим – мутарҷим.