Бохти «Истиқлол» аз «Варда» дар бозии якуми санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти «Истиқлол» аз «Варда» дар бозии якуми санҷишӣ

Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки айни замон ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Анталияи Туркия мегузаронад, бози якуми санҷишияшро гузаронд. Ҳарифи чемпиони мо дар ин бозӣ клуби футболи «Варда» аз дивизиони якуми Маҷористон буд.

Ба иттилои сомонаи расмии клуби футболи пойтахт, бозӣ рӯзи 3-юми феврал дар майдони футболи меҳмонхонаи «Мардан Палас» доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи дастаи маҷористонӣ анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 13-уми вохӯрӣ бозигари нави соҳибтаҷрибаи «Истиқлол» Акмал Холматов боз кард. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Мутаассифона, дар қисми дуюм  бозигарони мо бартарияшонро ҳифз карда натавонистанд ва аз дарвозаи худ се гол сар доданд. Дар ҳайати «Варда» голҳоро Габош Эрош (дақиқаи 51), Кулжар (дақиқаи 75) ва Делжат (дақиқаи 87) ба самар расонданд.

Бозии навбатии санҷишии худро «Истиқлол» дар доираи ҷамъомади омӯзишӣ-машқии Анталия рӯзи шанбеи 6 феврал муқобили клуби футболи «Тараз»-и Қазоқистон мегузаронад. «Тараз» соли гузашта дар премер-лиаи Қазоқистон зинаи нуҳумро ишғол карда буд.

 

Бозии санҷишӣ

«ВАРДА» (МАҶОРИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 3:1

Голҳо: Акмал Холматов, 13 (0:1). Габор Эрош, 51 (1:1). Кулжар, 75 (2:1). Делжег, 87 (3:1).

«Варда» (Маҷористон): Алекс Иваншитс, Тамаш Силиуш, Мартин Ижинг, Вари Барнабаш, Роберт Молнар, Лазар Жолт, Иштван Баги, Марк Кожта, Роберт Наги, Иштван Эжлатви, Габор Эрош.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Қурбоналӣ Бобоев (Никола Стошич, 46), Дилшод Восиев (Маҳди Чоҳҷӯӣ, 77), Давронҷон  Эргашев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 70), Нуриддин Давронов (к), Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов (Аҳтам Назаров, 70), Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш (Фаридун Шарипов, 82).

3 феврал. Анталия (Туркия). Майдони футболи меҳмонхонаи «Мардан Палас».

Добавить комментарий