«Истиқлол» – «Хуҷанд»: сеюмин мусовии пайдарҳам – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Хуҷанд»: сеюмин мусовии пайдарҳам

Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол, рӯзи 29 январ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ байни чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон, дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Хуҷанд»  бозии санҷишӣ баргузор шуд. Қобили қайд аст, ки баъд аз боридани барфи зиёд майдон ниҳоят сербарф буд ва бозигарон имконияти пурра намоиш додани маҳорати худро надоштанд. Аммо новобаста ба ин, вохӯрӣ хеле шавқовару ҷаззоб сурат гирифта, бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 32 бозӣ ниммуҳофизи «Истиқлол» ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвиз Умарбоев боз кард. Парвиз аз партофти хуби бозигари нави «Истиқлол» Акмал Холматов истифода карда, ба задани гол муваффақ шуд. Баъд аз задани гол, бозигарони дастаи пойтахт чанд маротибаи дигар имкони зиёд кардани ҳисобро доштанд, аммо аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Илова бар ин, 18 дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосии бозӣ, Марифҷон Марифбоев, ки дар ивазшавӣ ба майдон баромад, муваффақ шуд, ки ҳисоби бозиро баробар созад. Ба ин тартиб, ин бозӣ низ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ёдрас мешавем, ки ду бозии қаблӣ ҳам миёни чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон дар Қайроққум мусовӣ (1:1 ва 2:2) анҷом шуданд.

 

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» –  «ХУҶАНД» – 1:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 32 (1:0). Марифҷон Марифбоев, 72 (1:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46),  Петро Ковалчук,  Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Фаридун Шарипов, 46), Нуриддин Давронов, Александр Каблаш (Амирҷон Сафаров, 56,  Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 46), Давронҷон Эргашев (Сиёвуш Асроров, 46), Акмал Холматов (Зиёвуддин Фузайлов, 82).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Далер Тухтасунов, Манчеҳр Ахмедов, Ҳасан Рустамов, Ҳоҷибой Зиёев, Илҳом Баротов (Шероз Абдуллоев, 84), Дилшод Каримов (Марифҷон Марифбоев, 62),  Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муминов, 84), Сафаралӣ Каримов (Руслан Раҳматов, 84), Фарҳод Тоҳиров (Саидҷон Шарипов, 62).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»).  

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтппа).

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

29 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобинон.

Добавить комментарий