Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки омодагиро ба мавсими нави футбол идома медиҳад, шартномаашро бо ду нафар бозигарони ҳайати қаблӣ тамдид накард.
Чемпиони феълии мамлакат қарор кард, ки мӯҳлати қарордоди ду нафар бозигарон – муҳофизатгари испаниягӣ Хосе Балестер ва ниммуҳофизатгар Хуршед Маҳмудов тамдид карда нашавад. Ҳар ду бозигар дараҷаи агенти азодро соҳиб шуданд. Хосе Балестер дар оғози мавсими футболи соли гузашта ба «Истиқлол» гузашта буд. Хуршед Маҳмудов бошад, давоми ду соли охир дар «Истиқлол» бозӣ мекард.
Ёдрас мешавем, ки қаблан «Истиқлол» бо панҷ нафар бозигаронаш аз ҳайати соли гузашта низ шартномаашро қатъ карда буд. Зимнан, «Истиқлол», ки мақсади ҷавон сохтани ҳайати худро дорад, бо бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – ниммуҳофизон Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Нозим Бобоҷонов ва Фаридун Шарипов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), инчунин бо дарвозабон Эмомалӣ Сониев, ки қаблан дар «Истиқлол» бозӣ карда, мавсими соли гузаштаро бо қарордоди иҷроваӣ дар «Барқи тоҷик» гузаронд, шартнома ба тасвиб расонд. Бо ин бозигарон шартнома ба муҳлати се сол баста шуд.
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Хуршед Маҳмудов ва Хосе Балестер барои саҳми калонашон дар рушди фаъолияти даста изҳори сипосгузорӣ намуда, ба онҳо дар оянда дастовардҳои баланди варзишӣ ва барору комёбиро таманно менамояд!