«Белшина» ду нафар футболбози тоҷикро аз назар мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

«Белшина» ду нафар футболбози тоҷикро аз назар мегузаронад

Ду нафар бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев ва ниммуҳофиз Амирбек Ҷӯрабоев, баъд аз анҷоми мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 дар Санкт-Петербург барои азназаргузарӣ ба бошгоҳи футболи «Белшина»-и Беларус рафтанд. «Белшина» дар мавсими соли гузаштаи футболи Беларус мақоми мақоми чорумро касб карда буд.

Эргашев ва Ҷӯрабоев дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дар чор бозӣ беивазшавӣ иштирок карданд. Айни ҳол ҳар ду бозигарон дар қароргоҳи бошгоҳи футболи «Белшина» қаор доранд. Қобили қайд аст, ки ҳафтаи гузашта дастпарвари футболи тоҷик Владимир Ежуров сармураббии «Белшина» таъин шуд. Ҳоло «Белшина»-и Бобруйск ҷамъомади таълимӣ-машқии худро дар шаҳри Пинск мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки мавсими соли гузаштаро Ҷаҳонгир Эршашев дар «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва Амирбек Ҷӯрабоев дар «Шахтёр»-и Солигорск (Беларус) гузаронданд.

Добавить комментарий