Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 охирин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 охирин шуд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар бозии охиринаш дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия аз мунтахаби ҷавонони Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.

Ин бозӣ, ки барои дарёфти ҷойи ҳафтум буд, имрӯз, 23-юми январ, дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ Ануар Агайсин, бозигари мунтахаби Қазоқистон, боз кард. Голи дувуми мунтахаби Қазоқистонро Абат Аимбетов дар дақиқаи 14-ум ба ҳадаф расонд. Баъди се дақиқа Нозим Бобоҷонов, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, ҳисобро тағйир дод. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 83-юм, қазоқҳо ба дарвозаи футболбозони тоҷик голи севумро заданд. Баъди як дақиқа голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 76-ум сардовари бозӣ Игор Панин (Россия) ба якнафарӣ аз ҳарду даста корти сурх нишон дод ва дастаҳо бозиро даҳнафарӣ анҷом доданд. Ин бохти чаҳоруми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, дар Ҷоми Иттиҳод-2016 ба шумор меравад. Дарвоқеъ, Тоҷикистон ягона дастаест, ки дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ ягон имтиёз ба даст оварда натавонист.

Мунтахаби ҷавонони Россия, ки дар бозии авваи марҳилаи гурӯҳӣ бар ҷавонони мо бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб шуда буд, барандаи Ҷоми Иттиҳод-2016 шуд. Дар бозии финали ҷавонони Россия бар Молдова бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуданд. Медалҳои биринҷии мусобиқаро мунтахаби ҷавонони Эстония соҳиб шуд. Эстониҳо тавассути силсилазарбаҳои пеналтӣ бар мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба карданд. Вақти асосии ин вохӯрӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

 

Ҷоми Иттиҳод-2016

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН – 3:2

Голҳо: Агайсин (1:0). Аймбетов, 13 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 17 (2:1). Аймбетов, 83 (3:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 84 (3:2).

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев, Соҳибҷон Ҳакимов (Ромиш Ҷалилов, 83), Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарипов (Эҳсони Панҷшанбе, 83), Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Ҷаҳонгир Эргашев, Фирӯз Қараев, Зиёвуддин Фузайлов (Фирӯз Раҳматов, 17).

Аз майдон хориҷ шуданд: Антипов (Қазоқистон), 76. Табрези Давлатмир (Тоҷикистон), 76.

Беҳтарин бозигарони вохӯрӣ: Абат Аймбетов (Қазоқистон), Парвизҷон  Умарбоев (Тоҷикистон).

Доварон: Панин, Сейфетдинов, Каруненко (ҳама аз Россия).

23 январ. Санкт-Петербург. СКК «Петербургский». 300 тамошобинон.

 

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Беларус – Латвия – 0:0. Бо пеналти – 5:4 

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Қирғизистон — Эстония – 0:0. Бо пеналти – 1:4 

Финал

Молдова – Россия – 2:4

Добавить комментарий