Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо мизбони марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 мунтахаби Узбекистон ду бозии санҷишӣ-дӯстона мегузаронад.
Дар ин бора роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев хабар дод. Бозиҳо рӯзҳои 27 ва 28 январ дар Тошканд доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Осиё-2016 футзалистони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахабҳои Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэи Чин (15 феврал) ҳастанд. Мувофиқи қуръакашӣ чор квартети чор дастагӣ созмон ёфтаст, ки аз ҳар кадоми онҳо ду дастаи ҷойҳои аввал ба марҳилаи чораякфиналӣ мебароянд. Дар сурати ба ин марҳила баромадани дружинаи Ҳусейн Шодиев рақиби онҳо яке аз мунтахабҳои гурӯҳи «D» мешавад. Дар гурӯҳи «D» мунтахабҳои миллии футзали Япония, Австралия, Малайзия ва Қатар баромад мекунанд.