Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) Роман Пилипчук, баъд аз бохти дастааш дар бозии даври ифтитоҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 аз мунтахаби ҷавонони Россия (1:2) аз кори сардовари бозӣ Павел Шадиханов шикоят кард. Дар охири қисми якуми вохӯрӣ, ҳангоми 1 бар 1 будани ҳисоби бозӣ сардовар Павел Шадиханев барои муқобили ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Россия Рамил Шейдаев вайрон кардани қоидаи бозӣ, ба муҳофизатгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ойбек Абдуғаффоров корти сурх нишон дода, ӯро аз бозӣ берун кард.
Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:
«Ман кори доваронро бисёр кам шарҳ медиҳам, аммо имрӯз довар ғалаба кард. Ба чунин хатогиҳои дағал набояд роҳ дод. Ҳолати аввал – бинии муҳофизатгари моро дар ҷаримагоҳ шикастанд. Ба ин ҳолат аз ҷониби сардовар ҳеҷ таваҷҷӯҳе зоҳир карда нашуд. Ҳолати дуввум – корти сурх. Мунтахаби Россияро дар бозӣ муқобили ҷавонони Тоҷикистон кӯмак кардан лозим нест. Вобаста бо бозиҳо бошад, тамоми иштирокчиёнро ба оғози мусобиқа ва ҳамтои худро бо ғалаба табрик мекунам. Ба ҳамаи дастаҳо бозии хубро таманно дорам. Мо ба ин мусобиқа бо мақсади дар амал дидани номзадҳо ба аъзогии мунтахаби миллӣ омадем. Мехоҳем бозии сазовор нишон диҳем. Барои мо бо мунтахаби Россия бозӣ кардан бисёр шавқовар буд. Бо мунтахабҳои Эстония ва Латвия низ бозӣ кардан барои мо мароқангез аст. Бачаҳои мо аз бозӣ бо Россия таҷрибаи калон ва мухлисон бошанд, кайфияти хуб бардоштанд. Фақат, он ду ҳолате, ки болотар номбарашон карадам моро андаке нороҳат карданд. Мунтахаби Россияро муқобили мунтахаби Тоҷикистон кӯмак кардан лозим нест. Россия кишвари бузург аст, бозигарони хуб дорад, ки ин гуна вазифаҳоро худашон ҳал мекунанд ва ба кӯмаки доварон ниёз надоранд. Бозигарони мох еле хуб бозӣ карданд. Ман аз ҳеҷ кадоми онҳо шикоят надорам. Аламовар аст, ки довар ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд».