Дар бозии санҷишӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар “Истиқлол” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22), ки ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад, дар як бозии санҷишӣ бар “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозӣ рӯзи 7 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Ҳисобро Рустам Нагаев, легионери русиягӣ, ки феълан дар дастаи “Истиқлол” аз санҷиш мегузарад, дар дақиқаи 20-уми дидор боз кард. Аммо баъд аз панҷ дақиқа Ҷаҳонгир Алиев, бозигари мунтахаби ҷавонони кишвар, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби ҷавононро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.
“Истиқлол” – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – 1:2
Голҳо: Рустам Нагаев, 20 (1:0), Ҷаҳонгир Алиев, 25 (1:1). Фирӯз Раҳматов, 80 (1:2)
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 75), Аҳтам Назаров, Андрей Черчесов (Азамат Догузов, 46), Артур Губайдулин, Нуриддин Давронов, Артём Антипов (Хуршед Маҳмудов, 46), Дилшод Восиев, Рустам Нагаев, Амирҷон Сафаров (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Эдуард Сахилов (Манучеҳр Ҷалилов, 46).
Мунтахаби ҷавонониТоҷикистон (U-22): Эмомалӣ Сониев (Беҳрӯз Хайриев, 78), Табрези Давлатмир (Наврӯз Абдул, 63), Соҳиб Ҳакимов, Ойбек Абдуғаффоров, Фирӯз Қараев, Зиёвуддин Фузайлов (Бахтиёр Азимов, 46), Парвизҷон Умарбоев, Амирбек Ҷӯрабоев (Фирӯз Раҳматов, 63), Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Ҷаҳонгир Эргашев.
Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Фирӯз Қараев (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон).
Аз майдон хориҷ шуд: Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»), 75.
Сардовар: Сайёд Зайниддинов (Душанбе).
7 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.