Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, бо панҷ бозингари ҳайати порсолааш хайрухуш намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти пойтахт, муҳлати қарордоди ду легионер – ҳамлагар Бледа Родригес (Испания) ва ҳимоятгар Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Эрон) бо клуби «Истиқлол» ба охир расидааст. Вале роҳбарияти даста муҳлати қарордодро бо онҳо тамдид накард. Инчунин се бозингари мунтахаби миллии Тоҷикистон – дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов ва нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов аз паи ҷустуҷӯи дастаҳои нав хоҳанд шуд.
«Истиқлол», ки дар Ҷоми КФО-2016 ширкат хоҳад кард, 4 январ дар урдугоҳи худ омодагиро ба мавсими нав шурӯъ кард. Даста ҳайаташро тағйир медиҳад. Ба «Истиқлол» барои санҷиш даҳ бозигар ҷалб мешавад. Якчанд нафари онҳо футболбозони кишварҳои хориҷи наздик ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, ки алъон чаҳор нафарашон дар ихтиёри бошгоҳанд. Инчунин барои ба ҳайати «Истиқлол» дохил шудан якчанд футболбози тоҷик, ки дар мавсими соли гузашта хуб ҳунарнамоӣ кардаанд, аз санҷиш мегузаранд.
Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсал»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.
«Истиқлол» нахустин бозиашро 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили бошгоҳи «Ал-Файсал» анҷом медиҳад.