Федератсияи футболи вилояти Хатлон натоиҷи мавсими футболи соли 2015-ро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро номбар кард. Дар чорабинӣ инчунин ғолибону ҷоизадорони лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон мукофотонида шуданд.
Ба дастаи «Парвин»-и ноҳияи Бохтар, ки соли гузашта дар лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон ғолиб шуд, медалҳои тиллои мусобиқа тақдим гардид. Ба «Коммуна»-и Фархор медалҳои нуқра ва ба «Дӯстӣ»-и Қумсангир медалҳои биринҷӣ супорида шуданд.
Федератсияи футболи Хатлон, инчунин беҳтаринҳоро дар номинатсияҳои инфиродӣ низ қадрдонӣ кард. Дарвозабони «Коммуна»-и Фархор Иброҳим Исмоилов ба гирифтани унвони беҳтарин дарвозабон шарафёб шуд. Шодрӯз Шоев аз дастаи «Парвин» беҳтарин ниммуҳофиз дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзанро Эроншоҳ Равенов аз дастаи «Дӯстӣ» сазовор гардид. Парвиз Саидмуродов, ки дар ҳайати дастаи «Дӯстӣ» ба гирифтани унвони чемпиони вилоят сазовор шуд, якбора дар ду номинатсия – «Беҳтарин муҳофиз» ва «Беҳтарин футболбози вилояти Хатлон» сазовор дониста шуд. Сармураббии дастаи футболи «Парвин» Умед Шарипов ба гирифтани номинатсияи «Бехтарин мураббии футболи вилояти Хатлон» шарафёб гардид.
Унвони беҳтарин мураббии футболи занонаи вилоятро Раҳим Ризоматов аз дастаи «Вахш» соҳиб шуд. Узви ин даста Меҳрангез Шарипова беҳтарин зани футболбози вилоят эътироф шуд. Ҷоизаи беҳтарин мураббии футболи кӯдакону наврасонро Аҳад Ҳамроқулов аз «Вахш» соҳиб шуд. Беҳтарин бозингари футболи кӯдакону наврасон бошад, Сиёвуш Назирматов аз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб эътироф шуд. Ҷоизаи «Беҳтарин довари футболи вилояти Хатлон»-ро ёвари рефери ФИФА Баҳром Саъдуллоев соҳиб шуд.