Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти соли 2015 дар мамлакат беҳтарин Федератсияи варзишии сол номбар шуд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбхонаи «Русский двор» натоиҷи имоларо ҷамъбаст намуда, дар номинатсияҳои гуногун беҳтаринҳоро номбар кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба гирифтани номинатсияи беҳтарин Федератсияи варзишии сол дар мамлкат шарафёб шуд. Устоди «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев, ки зери роҳбарии ӯ дастаи пойтахт чор ҷоизаи сабқатҳои дохилии кишварро соҳиб шуда, Дар Ҷоми КФО то бозии ниҳоӣ расид, беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар соли 2015 эътироф шуд. Ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон ва «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов унвони беҳтарин футболбозро соҳиб шуд.
Варзишгоҳи марказии Душанбе, ки онро Абдураҳим Бобоев роҳбарӣ мекунад, ба гирифтани номинатсияи «Беҳтарин варзишгоҳи Тоҷикистон» мушарраф гардид.
Унвони «Беҳтарин варзишгари сол» бошад, насиби гурзандоз Дилшод Назаров шуд. Дилшод Назаров соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Хитой баргузор шуд, мудали нуқраро ба даст даровард. Беҳтарин бонуи варзишгари сол бошад, таэквондочӣ Сабина Тураева дониста шуд. Сабина дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) дар Булғория ба гирифтани медали тилло муваффақ шуд.