«Танзим» ғолиби Ҷоми Душанбе-2015 шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Танзим» ғолиби Ҷоми Душанбе-2015 шуд

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Душанбе байни дастаҳои футболи РТСУ ва «Танзим» доир шуд.

Бозии ҷамъбастии мавсими имсолаи футбол хеле ҳам ҷаззобу шавқовар сурат гирифт. Коршиносони соҳа ва мухлисони зиёд дар ин бозӣ дастаи дониҷшӯёни Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистонро фаворит ҳисоб мекарданд. Оғози бозӣ бо бартарии донишҷӯёни футболбоз ҷараён гирифт. Арсен Фармонбеков, Дилшод Расулов, Дилшод Саломов, Меҳрубон Тиллозода ба дарвозаи «Танзим», ки онро Диловар Баҳриддинов ҳифз мекард, чандин зарбаҳои хатарнок заданд, аммо дарвозабон маҳорати баланд нишон дода, дарвозаи дастаи худро аз гол эмин дошт.

Меҳмонон бошад, ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекарданд ва дар охири қисми аввали бозӣ, яке аз чунин ҳамлаҳо самара дод. Диловар Дӯстов партофти хуби ҳамдастаашро истифода намуда, аз чанд нафар муҳофизони РТСУ гузашт ва бо дарвозабон Салим Низомов як ба як баромада, ҳолати голзаниро самаранок истифода кард.

Дар қисми дуюми бозӣ бошад, бо вуҷуди талошҳои зиёди бозигарони ҳар ду даста, ҳисоб тағийр наёфт. Бартарӣ ҷониби дастаи донишҷӯён буд, аммо маҳорати баланди дарвозабони «Танзим» Диловар Баҳридинов ба онҳо имконият намедод, ки мақсади ниҳоии худро амалӣ созанд. Ба ин тартиб, бозӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи «Танзим» анҷом ёфт. Диловар Баҳриддинов бошад, беҳтарин бозигари ин вохӯрӣ эътироф шуд.

Баъд аз анҷоми бозӣ Ҷомро ба капитани «Танзим» Абдуҳамид Чақалов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев супорид.

tanzim2

Добавить комментарий