Чемпионати Душанбе байни дастаҳои футболи муассисаҳои таълимии оливу миёнаи махсуси пойтахт бо ғалабаи дастаи футболи донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон (РТСУ) анҷом ёфт.
Чемпионат мувофиқи системаи даврӣ дар як қисм баргузор шуда, ду ҳафта давом кард ва дар он шаш даста – Коллеҷи тиббӣ, Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологӣ (МИССиС), Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон (РТСУ), Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон (ДДТТ), Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар мусобиқа 15 бозӣ доир шуд. Дар 15 бозӣ 55 гол – 24 гол ба дарвозаи меҳмонон ва 31 гол ба дарвозаи соҳибони майдон зада шуд.
Унвони чемпиони пойтахтро барои бори сеюм паиҳам дастаи футболи донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон (РТСУ) соҳиб шуд. Медалҳои нуқраро донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва мақоми сеюмро донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ касб карданд.
Бозигари дастаи Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон (РТСУ) Сиёвуш Қаюмов беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Ҳамдастаи ӯ Фирӯз Сангов бо 5 голи задааш беҳтарин нишонзани сабқат гардид.