Имсол дар Тоҷикистон бештар аз 176 ҳазор тамошобинон аз бозиҳои байналмилалӣ дидан карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Имсол дар Тоҷикистон бештар аз 176 ҳазор тамошобинон аз бозиҳои байналмилалӣ дидан карданд

Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар соли 2015 дар кишвар 35 бозии байналмилалӣ баргузор шуд. Ҳафт бозӣ дар доираи Ҷоми КФО-2015, се бозӣ дар доираи марҳилаи интихобии ҶҶ-2018, як бозии дӯстона бо иштироки тими миллӣ ва шаш бозигӣ дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионатҳои ҷавонон ва футзали Осиё-2016, инчунин дувоздаҳ бозӣ дар доираи бозиҳои Фестивали футболи КФО барои мунтахабҳои зери 14 солаи давлатҳои Осиёҳои Марказиву Ҷанубӣ.

Ба ҷуз аз бозиҳои Фестивали футболи КФО барои мунтахабҳои зери 14 сола, 23 бозии байналмилалиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 176 ҳазору 130 нафар мухлисони футбол тамошо карданд. 99 ҳазору 100 нафар дӯстдорони футбол бозиҳоро бо иштироки «Истиқлол» ва «Хайр» дар Ҷоми КФО тамошо доштанд. Се бозии мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар худ 43 500 нафар тамошогаронро ҷамъ кард. Дар се бозии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонон 11 800 тамошобин ҳузур дошт. Дар бозиҳои  марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар Хуҷанд 5730 тамошогар иштирок кард. Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурияро, ки рӯзи 31 март дар Варзишгоҳи маркази Душанбе доир шуд, 16 ҳазор мухлисони футбол тамошо карданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳаммаи он мухлисоне, ки имсол дар бозиҳои мунтахабҳои миллии мамлакат ба варзишгоҳ омада, футболбозонро дастгириву ҳавохоҳӣ карданд, сипосгузории самимонаи худро баён месозад.

Добавить комментарий