Дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар Тошканди Узбекистон доир мешавад, мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои футзали Таиланд, Ветнам ва Тайбэйи Чин рақобат мекунад. Қуръакашии ин мусобиқа имрӯз дар Тошканд баргузор шуд.
Мувофиқи қуръакашӣ чор квартети иборат аз чор дастагӣ созмон дода шуд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастагӣ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати баромадан аз гурӯҳ, дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ футзалистони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» рӯбарӯ мешаванд. Гурӯҳи «D» аз дастаҳои мунтахаби миллии футзали Ҷопон, Австралия, Малайзия ва Қатар созмон ёфтаст.
Ёдрас мешавем, ки панҷ дастаи беҳтарини Осиё соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали ҷаҳон-2016 мегиранд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали ҷаҳон-2016 аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия мегузарад.
Натоиҷи қуръакашии чемпионати футзали Осиё-2016:
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Қирғизистон, Лубнон, Арабистони Саудӣ.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Ироқ, Хитой, Урдун.
Гурӯҳи «С»: Таиланд, Ветнам, Тайбэйи Чин, ТОҶИКИСТОН.
Гурӯҳи «D»: Япония, Австралия, Малайзия, Қатар.