Оғози мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи «СССР» – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи «СССР»

Рӯзи душанбеи 30 ноябр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  барои дарёфти Ҷоми газетаи «СССР» оғоз ёфт. Дар мусобиқа наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 иштирок мекунанд.

Барои бори 8-ум аст, ки ин мусобиқа ҳамасола паиҳам аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва редаксияи газетаи «СССР» ташкилу баргузор гардонида мешавад.

Дар мусобиқаи имсола шаш даста иштирок мекунад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳи се дастагӣ ҷудо шуда, байни ҳам рақобат доранд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои МҶМОВ , Мактаби футболи Шариф Назаров ва чемпиони феълии мусобиқа «Равшан»-и Кӯлоб шомиланд. Гурӯҳи «В»-ро бошад, футболбозони навраси дастаҳои «Истиқлол», «Локомотив» ва «Фирӯз» ташкил доданд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа дастаҳои ғолиби гурӯҳ барои медалҳои тилло ва Ҷом, дастаҳои ҷои дуюм барои медалҳои биринҷи рақобат мекунанд. Дастаҳои зинаҳои охири гурӯҳ барои ҷои панҷум вомехӯранд.

Дар бозии даври ифтитоҳии мусобиқа наврасони МҶМОВ бар меҳмонони Кӯлобӣ бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 пирӯз шуданд. «Истиқлол»-и Душанбе бошгад дар доираи бозиҳои даври якум «Локомотив»-ро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.

Мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 3-юми декабр анҷом мешавад. Бозӣ барои ҷои панҷум соати 12.00, бозӣ барои мақоми севум соати 13.10 ва бозии ниҳоӣ бошад, соати 14.20 баргузор мешаванд.

 

Тақвими бозиҳои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми газетаи «СССР»:

Даври 1-ум

30 ноябр (душанбе)

«Истиқлол» — «Локомотив» — 3:0

МҶМОВ — «Равшан» — 7:1

Даври 2-юм

1 декабр (сешанбе)

13:30 — МҶМОВ — МФШН

14:40 — «Истиқлол» — «Фирӯз»

Даври 3-юм

2 декабр (чоршанбе)

13:30 — МФШН — «Равшан»

14:40 — «Фирӯз» — «Локомотив»

3 декабр (чоршанбе)

12.00 – бозӣ барои ҷои панҷум

13.10 – бозӣ барои ҷои сеюм

14.20 – бозии финалӣ

Добавить комментарий