Рӯзи якшанбеи 29 ноябр, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявиро байни дастаҳои футболи тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ташкил кард.
Ин иди футболӣ зери шиори «Ба суи орзу» байни дастаҳои футболи кӯдакони солҳои тавалудашон 2003 ва хурдтар аз он сурат гирфт. Дар мусобиқа аз шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ду дастаӣ ва аз ноҳияҳои Румӣ, Шаҳринав, Қабодиён ва Шӯрообод як дастаӣ иштирок намуданд.
Дар марҳилаи аввалӣ дастаҳо ба ду гурӯҳи чор дастагӣ ҷудо шуда, аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм ба ҳамдигар рақобат карданд. Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо барои медалҳои тилло ва дастаҳои ҷои дуюм барои медалҳои нуқра қувва озмуданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои футболи тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Румӣ ва Шаҳринав рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи футболбозони навраси хатлонӣ анҷом ёфт.
Бозӣ барои медалҳои тиллои мусобиқа байни дастаҳои футболи тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯрообод хеле шавқовару ҷолиб сурат гирифт. Вақти асосии бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои пеналтӣ бошад, бахти футболбозони шаҳри Кӯлоб баландӣ карда, бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд.
Тӯҳфаҳоро ба ғолибон супоридани футболбозони дастаи маъруфи кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе барои бачаҳо ғайриинтизор ва хеле фараҳбахш буд. Капитани «Истиқлол» – Дилшод Восиев ва бозигарони даста Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуридин Давронов, Петро Ковалчук, Хосе Баллестер ва Никола Стошич дар маросими мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа иштирок карда, ба кӯдакон тӯҳфа тақдим карданд. Ба ҳар даста 10 донагӣ тӯби футболбозӣ ва ба ҳар як иштирокчӣ сару либоси бозигарӣ тақдим шуд. Ҷоми ғолибиятро ба дастаи шаҳри Кӯлоб роҳбари департаменти футболи кӯдакону наврасон ва оммавии Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев супориданд.
Натиҷаи мусобиқаро ҷамъбаст карда, Анваршо Мирзоев қайд намуд: «Иди футболӣ барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо хеле хуб доир шуд. Мо чунин мешуморем, ки бояд ҳаммаи бачаҳо имконияти баробар дошта бошанд. Бачаҳо бояд ба варзиш машғул шуда, футбол бозӣ кунанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаро зери шиори «Ба суи орзу» ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Ин мусобиқа соли сеюм аст, ки доир гардонида мешавад. Мақсади баргузории мусобиқа аз бозии футбол кайфият бардоштани тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо мебошад. Муҳи нест, ки онҳо футболбози касбӣ мешаванд ва ё не. Муҳим он аст, ки онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву миҳанпарастӣ ва солиму қавӣ ба воя расанд».
Баъд аз анҷоми мусобиқа барои бачаҳо зиёфати идона – «оши палави тоҷикӣ» ташкил карда шуд.