Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дар ҳузури 3500 нафар тамошобинон баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.
Замони асосии бозӣ мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расид. Дар ду қисми изофии 15-дақиқагӣ дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигарӣ ду голӣ заданд. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метра кори футболбозони «Истиқлол» омад кард. «Истиқлол» аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, Ҷоми Тоҷикистонро ба капитани «Истиқлол» Дилшод Восиев раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода супурд.
Аъзои бошгоҳи «Истиқлол» бо медалҳои тилло ва дастаи «Регар-ТадАЗ» бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд. Инчунин бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқлол», бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гашт.
Ҷоми Тоҷикистон-2015. Финал
«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
Голҳо: Дилшод Восиев, 96 (1:0). Фирӯз Қараев, 104 (1:1). Нуриддин Давронов, 112 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 114 (2:2).
Силсилаи пеналтӣ: Нозим Бобоҷонов – 0:1. Аҳтам Назаров – 0:1 (дарвозабон). Фирӯз Қараев – 0:1 (хато зад). Парвизҷон Умарбоев – 1:1. Комрон Турсунов – 1:2. Фатҳулло Фатҳуллоев – 2:2. Фаридун Шарифов – 2:3. Нуриддин Давронов – 3:3. Фарҳод Холбеков – 3:4. Хосе Баллестер – 4:4. Ойбек Абдуғаффоров – 4:5. Бледа Родригес – 5:5. Бахтиёр Азимов – 5:5 (дарвозабон). Дилшод Восиев – 6:5.
«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Хосе Баллестер, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Аҳтам Назаров, 79), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 91), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев, Зиёвуддин Фузайлов, Парвизҷон Умарбоев.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов (Фаррух Чориев, 115), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Акбар Бобомуродов (Фарҳод Холбеков, 84), Расул Файзов, Фаридун Шарифов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов, Комил Саидов.
Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев, Зиёвуддин Фузайлов, Нуриддин Давронов, Бледа Родригес («Истиқлол»), Акбар Бобомуродов, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Нозири доварон: Анваршо Мирзоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).
28 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3500 тамошогар.