Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бозии финалии Ҷоми вилояти Хатлон байни дастаҳои футболи «Коммуна»-и ноҳияи Фархор ва «Парвин»-и ноҳияи Бохтар доир шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Дар ду қисми иловагии вохӯрӣ низ ғолиб маълум нашуд. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналти бошад, бахти футболбозони фархорӣ балндӣ кард ва «Коммуна» бо ҳисоби 5 бар 3 барандаи Ҷоми вилояти Хатлон шуд.
Дар маросими ифтихории мукофотонӣ, Ҷомро ба капитани «Коммуна» Муҳаммад Абдураҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов супорид.