Мутахассиси пешбари Лигаи милии футболи Тоҷикистон Бобоҷон Қаландаров дар семинари ҳамасолаи Конфедератсияи футболи Осиё оид ба литсензиякунонии бошгоҳҳои футбол ширкат кард. Семинар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд.
Дар семинар намояндагони 24 ассотсиятсия футболи узви КФО иштирок намуда, мавзуи дастовардҳои баъд аз роҳандозӣ шудани онлайн-системаи литсензионикунонии бошгоҳҳои футболро (Club Licensing Administration System) мавриди баррасӣ қарор доданд.