Ба иттилои торнамои football-rankings.info, дар раддабандии навбатии ФИФА, ки 3-юми декабр интишор хоҳад шуд, Тоҷикистон 13 зина боло баромада, ҷои 147-умро ишғол мекунад. Барои ғалаба бар мунтахаби Бангладеш (5:0) дар доираи бозиҳои даври ҳафтуми мирҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ба мунтахаби миллии мо 37 имтиёзӣ иловагӣ дода мешавад. Акнун шумораи имтиёзҳои дружинаи Мубин Эргашев ба 196 адад мерасад.
Рақибони мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи «В» дар раддабандии нави ФИФА ба ин тартиб хоҳад шуд: Австралия – ҷои 57 (+3), Урдун – ҷои 87 (-5), Ќирғизистон – ҷои 106 (+18) ва Бангладеш – 192 (-2).