«Истиқлол»-и Душанбе бори 15-ум чемпиони Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол»-и Душанбе бори 15-ум чемпиони Тоҷикистон шуд

«Истиқлол»-и Душанбе бори 15-ум дар таърихи худ медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро ба даст овард.

«Истиқлол» дар бозии мавқуфгузошташудаи даври 19-уми чемпионат бар «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуда, як давр пеш аз анҷоми чемпионати Тоҷикистон-2026 унвони қаҳрамониро ба даст овард. Бо ин пирӯзӣ дастаи пойтахт инчунин ҳаққи намояндагии Тоҷикистонро дар даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2027/28 соҳиб шуд.

Қаблан дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023, 2024 ва 2025 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.

Ҳамин тавр, «Истиқлол» силсилаи пирӯзиҳои худро идома дода, дар 17 соли охир бори 15-ум унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст овард.

«Истиқлол»-и Душанберо ба муносибати ба даст овардани медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон-2026 табрик мегӯем!

Назари худро бинависед