Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Кот-д’Ивуар мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Кот-д’Ивуар мусовӣ кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Дубай нахустин бозии дӯстонаашро анҷом дод.

Ҳарифи мунтахаби мо тими наврасони Кот-д’Ивуар буд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Асадбек Махтумов ба самар расонд.

Дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Дубай мунтахаби наврасони Тоҷикистон боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рӯзи 11 ноябр дастаи мо бо мунтахаби Фиҷи ва рӯзи 15 ноябр бо тими наврасони Танзания рақобат мекунад.

Назари худро бинависед