Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аз ду бозии дӯстонаи ба нақша гирифташуда муқобили мунтахаби Ӯзбекистон якумашро баргузор намуд.
Вохӯрӣ имрӯз, 8 ноябр дар шаҳри Тошканд доир шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мунтахаби Ӯзбекистон ба анҷом расид.
Бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 10 ноябр дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ мегардад.