Дар Душанбе маросими ҷоизасупории чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни бонувон баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе маросими ҷоизасупории чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни бонувон баргузор гардид

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ натиҷаҳои чемпионати кишвар миёни дастаҳои занонаро ҷамъбаст намуда, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро қадрдонӣ кард.

Маросим дар тарабхонаи «Бухоро»-и шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Суҳроб Ашӯров ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ғолибону ҷоизадорони чемпионати нӯҳуми кишвар миёни дастаҳои занонаро табрик гуфта, ба футболбозон муваффақиятҳои нав ва пирӯзиҳои бештар орзу намуд.

Ӯ ҳамчунин аҳамияти баргузории чемпионатро дар рушди футболи бонувон дар кишвар, баланд бардоштани маҳорати варзишии футболбозон ва ҷалби ҳарчи бештари духтарон ба ин намуди варзиш таъкид кард.

Дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон дастаи бонувони КМВА-и Душанбе мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи «Бешкент» медали нуқра ва футболбозони «Вахш» медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои чемпионат ҳамчунин ғолибони номинатсияҳои инфиродӣ муайян гардиданд. Мадина Муносибшозода аз КМВА беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Унвони беҳтарин мураббӣ ба Эркин Нормуродов аз дастаи «Бешкент» дода шуд. Рӯзигули Ҳасан аз КМВА бошад, бо задани 53 гол беҳтарин нишонзани чемпионат гардид.

Беҳтаринҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои бонувон:

🔸 Бозигари умедбахш – Шаҳзода Очилдиева («Барқчӣ»);

🔸 Беҳтарин мураббӣ – Эркин Нормуродов («Бешкент»);

🔸 Беҳтарин дарвозабон – Элмира Қаршиева («Бешкент»);

🔸 Беҳтарин ҳимоятгар – Шамсия Ҳусейнова (КМВА);

🔸 Беҳтарин нимҳимоятгар – Нозия Узоқова («Бешкент»);

🔸 Беҳтарин нишонзан – Рӯзигулӣ Ҳасан (КМВА), 53 гол;

🔸Беҳтарин бозигар – Мадина Муносибшозода (КМВА).

Назари худро бинависед