Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони футзал! Санаи баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия тағйир ёфт.
Қаблан вохӯриҳо рӯзҳои 18 ва 20 октябр ба нақша гирифта шуда буданд. Акнун рӯзҳои 19 ва 20 октябр баргузор мешаванд.
Вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе доир гардида, оғоз соати 19:00 муқаррар шудааст.
Ҳамаи дӯстдорони футзалро даъват менамоем, ки барои дастгирии дастаи миллии Тоҷикистон ба маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» биёянд! Мухлисонро нерӯсанҷиҳои ҷолибу диданӣ интизоранд.