Имрӯз, 17 октябр марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 оғоз мегардад. Чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими гузашта – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои роҳ ёфтан ба марҳалаи навбатии мусобиқа муборизаро оғоз мекунанд.
Дар гурӯҳи «В» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бошгоҳи «Наҷмеҳ»-и Лубнон вомехӯрад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Дар гурӯҳи «С» бошад, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Кувайт бо бошгоҳи «Гоа»-и Ҳиндустон рақобат мекунад. Рақобат соати 18:25 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Ба дастаҳои Тоҷикистон дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 барору комёбӣ таманно дорем!