Ҳайати тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал барои бозиҳои дӯстона бо Русия – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал барои бозиҳои дӯстона бо Русия

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҳайати дастаро барои иштирок дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия эълон кард.

Барои бозиҳои дарпешистодаи дӯстона Пайрав Воҳидов 17 бозигарро ба даста даъват намудааст, ки аз онҳо 2 нафар дарвозабон ва 15 нафар бозигари майдон мебошанд.

Бозиҳои дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия оид ба футзал рӯзҳои 18 ва 20 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Оғози ҳарду бозӣ соати 19:00 дар назар аст.

Чиптаҳо барои рақобатҳои дарпешистода аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд. Дӯстдорони футзал метавонанд онҳоро аз хазинаҳои маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» дастрас намоянд. Нархи як чипта 50 сомонӣ мебошад.

Назари худро бинависед