Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд соли дуюм аст, ки пайиҳам Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст меорад. Дар бозии ниҳоии мусобиқа намояндагони Хуҷанд бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Вохӯрии ҳалкунанда 10 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ҷараёни бозӣ «Сипар» ду маротиба аз ҳариф қафо монд – 0:1 ва 1:2, аммо тавонист ҷараёни рақобатро ба нафъи худ тағйир дода, ғалабаро ба даст орад.
Аз ҳайати ғолибон легионери бразилӣ Фелипе Виейра ду гол ба самар расонд. Голи дигари «Сипар»-ро Юри Ферейра зад. Аз ҳайати «Истиқлол» Дилшод Саломов ва Хосе Пахаро муаллифи гол шуданд.
Легионери бразилии «Сипар» Фелипе Виейра беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоӣ эътироф гардид.
Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, раиси кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов, раиси кумитаи тартибӣ-интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон Тоҳир Баротзода, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва роҳбари Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов иштирок карданд.
Барои пирӯзӣ дар Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал дастаи «Сипар» соҳиби ҷоми фахрӣ ва 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Дастаи «Истиқлол», ки ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф шуд, бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Аз рӯйи натиҷаи Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал беҳтаринҳо дар номинатсияҳои инфиродӣ чунин муайян шуданд:
✅ Беҳтарин бозигари мусобиқа – Иқбол Воситзода («Сипар») – 4000 сомонӣ;
✅ Беҳтарин сармураббӣ – Дониёр Абдираимов («Сипар») – 4000 сомонӣ;
✅ Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар») – 3500 сомонӣ;
✅ Беҳтарин нишонзан – Юри Ферейра («Сипар») – 3500 сомонӣ;
✅ Беҳтарин легионер – Тиаго Игор («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;
✅ Беҳтарин бозигари ҷавон – Муҳаммад Авғонов («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;
✅ Дастаи беҳтарини расонаӣ – «Соро компания» – 3000 сомонӣ.