Дастаи ФФТ – ғолиби мусобиқаи футзал бахшида ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ФФТ – ғолиби мусобиқаи футзал бахшида ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик

Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи футзал бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик ғолиб шуд.

Мусобиқа аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар толори маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД таҳти шиори “Варзиш барои оилаи солим ва муқобили нашъамандӣ” аз 29 октябр то 7 ноябр ташкилу баргузор гардонида шуд ва дар он 19 даста ширкат карданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои футзали Дастгоҳи марказии ВКД ва Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бисёр ҷаззобу шавқовар доир гардид. Ҳар ду даста бозии хуб нишон доданд. Бояд гуфт, ки дастаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ бо ҳисобҳои 1:2; 2:3; 3:5 бозиро бохта истода, матонату қавииродагӣ зоҳир намуд ва дар натиҷа бо ҳисоби 7 бар 5 ғолиб гардид.

Медалҳои биринҷии мусобиқаро дастаи “Вавилон” соҳиб шуд. “Вавилон” бар дастаи “Кумитаи андоз” бо ҳисоби 5 бар 2 пирӯз шуд.

Дар маросими ботантанаи мукофотонӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида шуданд.

Саид Ғаюров  аз (“Кумитаи андоз”) – беҳтарин дарвозабон, Далер Акназаров аз (ДМ ВКД) – беҳтарин муҳофизатгар, Шоҳин Исломов аз (КДАМ) – беҳтарин ҳамлагар ва Иззатулло Мирзоев аз («Динамо») беҳтарин нишонзан дониста шуданд. Баходур Суфиев аз (ФФТ) беҳтарин бозигари мусобиқа ва Исохӯҷа Баҳодуров аз дастаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин мураббии сабқат эътироф гардиданд.

_DSC8594

Добавить комментарий