Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк фестивали футбол баргузор менамояд, ки дар он зиёда аз 100 кӯдаки синну соли гуногун ва намояндагони миллатҳои мухталиф иштирок хоҳанд кард.
Фестивал 16 июл соати 9:00 ба вақти маҳаллӣ дар маҷмааи варзишии «Kingsborough Athletics Field», воқеъ дар Бруклини шаҳри Ню-Йорк баргузор мешавад. Дар доираи ин чорабинӣ эстафетаҳо, бозиҳои шавқовар, машғулиятҳои омӯзишӣ ва дигар барномаҳои варзишию фароғатӣ ташкил карда мешаванд.
Ин фестивал аҳамияти ташаббуси таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст, таъкид хоҳад кард.