Аз 21 то 25 июл дар шаҳри Ҳисор чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола баргузор мешавад.
Дар мусобиқа мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард. Бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳила баргузор шуда, ҳар як даста се вохӯрӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд. Дастае, ки бештар аз ҳама имтиёз ҷамъ мекунад, соҳиби унвони қаҳрамонӣ мешавад.
Барои мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин чемпионат яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 ба ҳисоб меравад, ки аз 28 август то 5 сентябри соли оянда баргузор хоҳад шуд.