Иштироки мутахассисони ЛМФТ дар семинари КФО дар Деҳлӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Иштироки мутахассисони ЛМФТ дар семинари КФО дар Деҳлӣ

Мутахассисони пешбари Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва Бобоҷон Қаландаролв дар семинари дурӯзаи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз рӯи барномаи рушди «Kick-Оff» дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, ширкат карданд.

Семинари минтақавӣ барои намояндагони Осиёҳои Марказиву Ҷанубӣ баргузор гардида, дар он мавзуҳои марбут ба модели лигаҳо ва идора кардану ба даст двровардани даромадҳо баррасӣ шуданд.

«Барномаи «Kick-Off»-и Конфедератсияи футболи Осиё асбоби калидии рушди футбол дар Осиё маҳсуб ёфта барои тавоно гардонидани лигаву бошгоҳҳои футбол омили муҳим арзёбӣ мешавад», – гуфт дар баромади худ ҳангоми ифтитоҳи семинар намояндаи кумитаи рушди КФО Ал-Халфан Ромаитхи.

Мутахасисони Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар семинар баромад карда, оиди барномаи «Win-Win» ФИФА, ки мувофиқи он Федератсияи футболи Тоҷикситон соҳиби Студияи сайёри телевизионӣ шуд, ба иштирокчиёни семинар маълумот доданд. Мувофиқи ин Студияи сайёри телевизионӣ Федератсияи футболи мамлакат имконият пайдо намуд, ки бозиҳоро сабт карда намош диҳад.

120512061207

Добавить комментарий