Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани бозии финалии Ҷоми КФО-2015 изҳори сипосгузорӣ кард. Бозӣ рӯзи шанбеи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи меҳмонони малайзиягӣ анҷом ёфт.
«Аз номи президенти Конфедератсияи футболи Осиё ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи ин ташкилот ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди омодагӣ ташкилу баргузор гардонидани бозии финалии Ҷоми КФО-2015 дар Душанбе изҳои сипосгузорӣ баён мекунем. Дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор гардонидани ин бозӣ, самараи ҳамкории судманди дуҷонибаи ФФТ бо бошгоҳи футболи «Истиқлорл» мебошад.
Мо, инчунин, ба кумитаи тадорукотии маҳаллӣ барои истиқбол ва меҳмоннавозии гармашон аз ҳайати намояндагии Конфедератсияи футболи Осиё изҳори миннатдориву сипос мекунем.
Мо боварӣ бар он дорем, ки бомувафффақият баргузор гардонидани бозии финалии Ҷоми КФО-2015 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои гузаронидани дигар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалии КФО дар Душанбе, ҷиҳати рушду инкишофи футбол дар мамлакат ва расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ нерӯву тавони тоза мебахшад», – гуфта мешавад дар номаи расмии аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Дато Виндзор Ҷон ба унвони ноиби аввали президент ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев ирсолшуда.