Дастаи миллии Тоҷикистон омодагиро ба қисми ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар зидди яккачини Филиппин идома медиҳад.
Имрӯз, 24 март дастаи мо дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб машқ кард. Тамринҳо қариб ду соат давом намуданд.
Айни замон дар тими миллии Тоҷикистон 23 бозигар қарор дорад. Дарвозабони «Турон»-и Озарбойҷон Олег Баклов ва нимҳимоятгари «Локомотив»-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев 25 март ба ҳайат ҳамроҳ мешаванд.