Лигаи якуми Тоҷикистон: «Ҳосилот» мавқеи пешсафиашро мустаҳкам мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: «Ҳосилот» мавқеи пешсафиашро мустаҳкам мекунад

Дар лигаи якуми Тоҷикистон чор бозии даври 20-уми мусобиқа доир гардид. Пешсафи ҷадвали сабқат «Ҳосилот»-и Фархор бо сабаби барканории варзишгоҳи ноҳия, бозии навбатии хонагии худро бо «Чашма»-и Шаҳритӯс дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахт гузаронид. Он гуна ки интизораш мерафт, шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба дарвозаи меҳмонони шаҳритӯзӣ 5 голи беҷавоб заданд. Баъди ин ғалаба «Ҳосилот» бо 41 имтиёз аз 18 бозӣ мавқеи пешсафияшро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар сохт.

Дастаи «Ҳулбук»-и Восе бошад, дар сафар натавонист бар «Канд»-и Конибодом дастболо шавад. Вохӯрии ин дастаҳо мусовӣ 1 бар 1 поён ёфт. Бозӣ байни дастаҳои футболи «Локомотив»-и пойтахт ва «Зарафшрн»-и Панҷакент низ мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт. «Саройкамар»-и Панҷ бошад, дар доираи бозиҳои ин давр бар «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 дистболо шуд.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Саройкамар» – «Помир» – 3:0

«Ҳосилот» – «Чашма» – 5:0

«Канд» – «Ҳулбук» – 1:1

«Локомотив» – «Зарафшон» – 2:2

  Б Ғ М Б Т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 18 13 2 3 36-14 41
2 «Ҳулбук» (Восе) 19 11 6 2 35-20 39
3 «Саройкамар» (Панҷ) 19 12 2 5 47-15 38
4 «Эсхата» (Хуҷанд) 18 11 4 3 54-24 37
5 «Панҷшер» (Рӯмӣ) 17 10 6 1 34-11 36
6 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 17 10 4 3 51-24 34
7 «Исфара» (Исфара) 18 8 2 8 35-33 26
8 «Чашма» (Шаҳритӯс) 18 6 1 11 28-48 19
9 «Помир» (Душанбе) 17 5 2 10 26-35 17
10 «Локомотив» (Душанбе) 18 5 2 11 21-45 17
11 «Канд» (Конибодом) 18 3 1 14 23-48 10
12 «Зарафшон» (Панҷакент) 18 2 4 12 17-35 10
13 МТО (Душанбе) 17 2 0 15 23-78 6

Добавить комментарий