Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти соли 2025 натиҷагирӣ карда, беҳтаринҳоро дар номинатсияҳои гуногун эълон кард.
Тими миллии футзали Тоҷикистон ҷоизаи «Беҳтарин дастаи соли 2025»-ро ба даст овард. Соли гузашта даста дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро ишғол карда, ба қисми ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар маросим котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ширкат варзид.