Мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» озими шаҳри Минск шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» озими шаҳри Минск шуд

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки аз 19 то 23 феврал баргузор мешавад, ба шаҳри Минск сафар кард.

Дар мусобиқа ҳашт даста ширкат мекунад. Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус (U-17), Минск (U-17) ва Қазоқистон (U-17) рақобат хоҳад кард.

Дар гурӯҳи «B» дастаҳои наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17), Ӯзбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) ширкат менамоянд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам дар як давра бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ба финал роҳ ёфта, тимое, ки ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои мақомҳои 5-6 ва 7-8-ум ҳам рақобатҳо баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед