Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев бозии санҷишии дуюми худро дар шаҳри Душанбе анҷом дод.
Дастаи мо бо ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Вахш»-и Бохтар нерӯ санҷид. Бозӣ хеле ҷолиб ҷараён гирифӣа, бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом ёфт. Парвиз Бобоназаров аз ҳайати дастаи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон муаллифи дубл шуда, Шаҳбон Наимов як голи дигарро зад.
Қаблан, дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе дастаи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо қаҳрамони кишвар «Истиқлол»-и Душанбе вохӯрии санҷишӣ доир карда, бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.