Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба Хиросима сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба Хиросима сафар кард

Дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон сафар кард.

Мусобиқаи «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games» аз 18 то 24 феврал баргузор мешавад. Тибқи муқаррарот иштирокчиён бо ҳамдигар дар як давра бозӣ мекунанд. Дар мусобиқа инчунин мунтахабҳои наврасони то 17-солаи Ҷопон, дастаи музофоти Хиросима (U-18) ва тими Академияи «Санфречче Хиросима» (U-18) ширкат хоҳанд кард.

Барои дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон иштирок дар ин мусобиқа як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони мо дар гурӯҳи «А» бо мунтахабҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) рақобат хоҳанд кард.

Назари худро бинависед