Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасон оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасон оғоз ёфт

Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасони солҳои тавалудашон 1998-1999 оғоз ёфт. Барои соҳиб шудан ба унвони чемпионӣ дар ин синну сол, ҳашт даста дар марҳилаи пешакӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, вориди рақобат шуданд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», МҶМОВ, инчунин мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Норак шомиланд. Гурӯҳи «В»-и мусобиқаро дастаҳои футболи мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Восеву Шаҳринав ва дастаи «Адидас»-и Душанбе ташкил мекунанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои нимниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи ҷумъаи 23 октябр баргузор мешаванд.

Чемпионати Тоҷикистон байни наврасони с.т. 19998-1999. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Душанбе) — МҶМОВ (Душанбе) — 3:1

ДЮСШ (Ҷаббор Расулов) — ДЮСШ (Норак) — 1:2

Б Ғ М Б т\т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 3-1 3
2 ДЮСШ (Норак) 1 1 0 0 2-1 3
3 ДЮСШ (Ҷаббор Расулов) 1 0 0 1 1-2 0
4 МҶМОВ (Душанбе) 1 0 0 1 1-3 0

Даври 2-юм

20 октябр (сешанбе)

9:00 — ДЮСШ (Ҷаббор Расулов) — «Истиқлол» (Душанбе)

10:20 — ДЮСШ (Норак) — МҶМОВ (Душанбе)

 

Даври 3-юм

21 октябр (чоршанбе)

9:00 — «Истиқлол» (Душанбе) — ДЮСШ (Норак)

10:20 — ДЮСШ (Ҷаббор Расулов) — МҶМОВ (Душанбе)

 

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

ДЮСШ (Хуҷанд) — «Адидас» (Душанбе) — 2:1

ДЮСШ (Восе) — ДЮСШ (Шаҳринав) — 4:0

Б Ғ М Б Т\т И
1 ДЮСШ (Восе) 1 1 0 0 4-0 3
2 ДЮСШ (Хуҷанд) 1 1 0 0 2-1 3
3 «Адидас» (Душанбе) 1 0 0 1 1-2 0
4 ДЮСШ (Шаҳринав) 1 0 0 1 0-4 0

Даври 2-юм

20 октябр (сешанбе)

11:30 — ДЮСШ (Шаҳринав) — ДЮСШ (Хуҷанд)

12:40 — «Адидас» (Душанбе) — ДЮСШ (Восе)

 

Даври 3-юм

21 октябр (чоршанбе)

11:30 — ДЮСШ (Хуҷанд) — ДЮСШ (Восе)

12:40 — ДЮСШ (Шаҳринав) — «Адидас» (Душанбе)

 

Бозиҳои нимфиналӣ

22 октябр (панҷшанбе)

9:00 — ҷои 1-уми гурӯҳи «А» — ҷои 2-юми гурӯҳи «В»

10:20 — ҷои 1-уми гурӯҳи «В» — ҷои 2-юми гурӯҳи «А»

 

23 октябр (ҷумъа)

9:00 — Бозӣ барои ҷои сеюм

10:30 — Финал

11:50 — Маросими мукофотонии ғолибону ҷоизадорон ва ҷамъбасти мусобиқа

Добавить комментарий