Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2025-ро эълон кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2025-ро эълон кард

Имрӯз, 11 феврал дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти мавсими футзал-2025 баргузор шуд, ки дар он аз Суперлигаи Тоҷикистон натиҷагирӣ гардида, беҳтарин бозигарон, мураббиён ва ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ муайян шуданд.

Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» бо ширкати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, шарикон ва дигар меҳмонони фахрӣ роҳандозӣ гашт.

Ҷоизаи асосии мавсим ба капитани дастаи «Сипар»-и Хуҷанд Иқбол Воситзода тақдим гардид, ки беҳтарин бозигари Суперлига-2025 номида шуд.

Унвони беҳтарин мураббиро Пайрав Воҳидов соҳиб шуд, ки таҳти роҳбарии ӯ «Соро компания» дар Суперлигаи Тоҷикистон ва Суперҷом ғолиб омад.

Ғолибон дар дигар категорияҳои инфиродӣ низ дар ин маросим эълон шуданд.

Ғайр аз ин, дастаи рамзии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 муаррифӣ шуд. Ба сарпарастон, шарикон ва онҳое, ки дар рушд ва оммавияти футзал дар кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, бо ҷоиза ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Назари худро бинависед