Довари ФИФА аз Тоҷикистон Суҳроб Сатторов барои доварӣ дар финали Ҷоми Осиё-2026 таъйинот гирифт.
Барои Суҳроб Сатторови 36-сола фаъолият дар Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия аввалин бор дар корномааш ба шумор меравад. Дар аввалин мусобиқаи қитъавии худ довари тоҷик сатҳи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳакамӣ дар бозии ҳалкунанда интихоб гардид.
Суҳроб Сатторов финали Ҷоми Осиё-2026 байни яккачинҳои Индонезия ва Эронро ҳамроҳ бо довари чинӣ Лю Чжиакао ҳакамӣ менамояд. Ин бозӣ рӯзи 7 феврал дар Ҷакарта баргузор мешавад.